Феврал 23, 2018 18:39 Asia/Dushanbe
  • Боз ҳам тасдиқи пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ

Гузориши Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бори дигар таъйид(тасдиқ) мекунад, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон комилан мутобиқ бо Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БарҶОМ) аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс, Юкия Амано- мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ рӯзи панҷшанбе зимни тасдиқи дубораи пойбандии Эрон ба БарҶОМ эълом кард, ки Эрон тасмими худро барои сохти пешрон(муҳаррик)и ҳастаии дарёӣ ба иттилоъи ин ниҳод расондааст.

Амано дар навтарин гузориши фаслиаш дар бораи вазъияти барномаи ҳастаии Эрон, таъйид кардааст, ки Эрон ба ҳадҳои таъйиншуда барои оби сангин ва урани ғанишуда пойбанд будааст.

 Бар асоси ин гузориш, Эрон ҳамчунон ба Ожонс иҷоза додааст, ки корҳои назоратии мавриди тавофуқро анҷом диҳад.

Ризо Наҷафӣ-сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ низ гуфт: Гузориши ҷадиди ожонс бори дигар таъйид мекунад, ки иқдомот ва фаъолиятҳои ҳастаии Эрон комилан мутобиқ бо БарҶОМ аст.

 Дар ҳамин ҳол Сайидаббоси Ироқчӣ-муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони Алҷазираи англисӣ гуфт: Эрон то замоне, ки битавонад аз тавофуқи ҳастаӣ суд бибарад ва аз фоидаҳои он баҳраманд шавад, ба он пойбанд мемонад.

  Ироқчӣ афзуд: «Агар Амрико аз ин тавофуқ канор равад, ин саволи муҳим матраҳ мешавад, ки оё ҳамчунон метавонем аз ин тавофуқ суд бибарем ё хайр? Дар ҳоли ҳозир мо қонеъ нашудаем ва ба ин натиҷа нарасидаем, ки бидуни ҳузури Амрико ин тавофуқ боқӣ мемонад ва Эрон метавонад аз фоидаҳои он баҳраманд шавад.»

 

Барчасп