Зариф: Эрон амнтарин кишвари Ховари Миёна аст
(last modified Tue, 27 Feb 2018 07:54:52 GMT )
Феврал 27, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон амнтарин кишвари Ховари Миёна аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар ҷамъи эрониёни муқими Сербистон дар Белград гуфт, Эрон амнтарин кишвари Ховари Миёна аст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин дидор гуфт, эрониён фориғ аз ҳар навъ ақида, дилашон барои Эрон метапад.

Зариф гуфт, шадидтарин таҳримҳои Амрико ҳам то кунун натавонистааст мардуми Эронро ба зону дароварад ва Амрико ҳеҷгоҳ наметавонад миёни миллати Эрон ва низоми ҷумҳурии исломӣ ҷудоӣ бияндозад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ба мавзеъгириҳои хасмонаи Доналд Тармп, раиси ҷумҳурии Амрико дар қиболи тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 низ ишора кард ва гуфт, касе, ки авлавияти нахусташ пора кардани БарҶом буд ва онро бадтарин тавофуқи таърихи Амрико медонад, як солу ду моҳ аст, ки натавониста ба ин кор даст бизанад, зеро медонад чӣ ҳазинае бояд бипардозад.

Зариф рӯзи душанбе дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Белград шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар Белград бо раиси ҷумҳур ва ҳамтои сербистонии худ дидор ва гуфтугӯ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон пас аз Сербистон ба Булғория, Хорватия ва Босни ва Ҳертсеговина сафар хоҳад кард.