Видео: Рафтори ноҷавонмардонаи гуштигири қазоқ бо ҳарифи эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i30543-Видео_Рафтори_ноҷавонмардонаи_гуштигири_қазоқ_бо_ҳарифи_эронӣ
Дар мусобиқоти гуштии Украина, ки рӯзҳои 23 то 25 феврал дар шаҳри Киев баргузор шуд ва дар дидори радабандии вазни 79 килограми Айдар Балдонбоев, гуштигири Қазоқистон дар баробари Муҳаммади Мутақиниё, ҳарифи эронии худ ҳам гуштиро бохт ва ҳам ахлоқро.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 27, 2018 16:18 Asia/Dushanbe

Дар мусобиқоти гуштии Украина, ки рӯзҳои 23 то 25 феврал дар шаҳри Киев баргузор шуд ва дар дидори радабандии вазни 79 килограми Айдар Балдонбоев, гуштигири Қазоқистон дар баробари Муҳаммади Мутақиниё, ҳарифи эронии худ ҳам гуштиро бохт ва ҳам ахлоқро.

Балдонбоев дар ин мусобиқа чандин бор бо мушт ва лагад ба гуштигири эронӣ зарба зад то ӯро хашмгин кунад, аммо Мутақиниё бо амал ба суфориши мураббиён, ки аз ӯ мехостанд, ҳеҷ нагӯяд ва эътироз накунад, тавонист ҳарифи ноҷвонмардро шикаст диҳад.

Муҳаммади Мутақиниё дар ин дидор бо натиҷаи панҷ бар як ҳарифи қазоқро бурд ва ба мақоми севуми мусобиқот расид.