Мошини эронӣ мошини полиси Сенегал шуд
(last modified Tue, 27 Feb 2018 16:20:31 GMT )
Феврал 27, 2018 21:20 Asia/Dushanbe
  • Мошини эронӣ мошини полиси Сенегал шуд

Мошини тавлиди ширкати Эронхудрав вориди новгони полиси кишвари Сенегал шуд.

Ба нақл аз Асри Эрон, ширкати Эронхудрав ба манзури касби саҳми муносибе аз бозорҳои байналмилалӣ, нахустин маҳмулаи содироти “Дено Плос”-ро равонаи Сенегал кард, то ба унвони мошини полис дар он кишвар мавриди истифода қарор гирад.  

“Дено Плос” дугонасӯз аст ва ҳам бо бензин ва ҳам бо гази CNG кор мекунад.

Эронхудрав бо афзудани таҷҳизот ва имконоти махсуси мошинҳои полис ба ин модел аз тавлидоти худ, заминаи содироти “Дено Плос”-ро ба кишварҳои ғарби Африқо фароҳам мекунад.

Солҳои ахир Сенегал ба унвони пойгоҳи содироти маҳсулоти Эронхудрав ба ғарби Африқо дар назар гирифта шудааст, аз ин рӯ, ин ширкати худравсози эронӣ ба дунболи тавсеаи ҳамкориҳо бо дигар созмонҳои давлатӣ дар Сенегал аст.