Март 07, 2018 20:32 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон барои ҳеҷ кас хатар нест

Раисҷумҳури исломии Эрон, тавонмандии дифоии Эронро боздоранда хонд ва гуфт, ҳеҷкас набояд нигарони силоҳ, мушак ё бунияи дифоии Эрон бошад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳайъати давлат гуфт: Қудрати иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва бавижа қудрати низомии ҷумҳурии исломии Эрон алайҳи дигарон нест, балки қудрати дифоии Эрон боздоранда ва барои дифоъ аз кишвар аст.  

Раисҷумҳури Эрон ба таҳаррукоти бархе кишварҳои минтақа барои доман задан ба эронҳаросӣ ишора кард ва афзуд: Эрон ба дунболи иззат аст ва ҳеҷгоҳ ба фикри зӯргуӣ ва таҷовуз ба дигарон набуда ва нахоҳад буд.

Рӯҳонӣ таъкид кард: Таърих ҳам нишон медиҳад, миллати Эрон ҳеҷгоҳ ба миллате зулм накарда, сарзамини касеро ғасб ва ҳамсоягони худро бомбборон накарда, балки оворагони дигар кишварҳоро ҳам ба меҳмонӣ пазируфтааст.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин аёми милоди бобаракати ҳазрати Сидиқаи Кубро Фотимаи Заҳро (с), рӯзи зан ва модар ва солрӯзи милоди ҳазрати имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломиро ба ҳамаи мардуми иззатманди Эрон табрик гуфт ва афзуд: Фотимаи атҳар (с) улгуи занони ҷомеаи Эрон ва ҷаҳон аст.

 

Барчасп