Даргузашти беҳтарин ҷарроҳи эронии пайванди қарнияи дунё
Профессор Худодӯст аз чашмпизишкон ва ҷарроҳони барҷастаи дунё, дори фониро видоъ гуфт.
Музаффариддин Самиъипӯр, мудири равобит умумии бемористони чашмпизишкии доктор “Худодӯст”-и Шероз гуфт, профессори Алиасғари Худодӯст, соати чаҳори бомдоди имрӯз (шанбе) ба иллат исти қалбӣ дар яке аз бемористонҳои Колумбия даргузашт.
Алиасғари Худодӯст беҳтарин ҷарроҳи пайванди қарния (қисми пеши пардаи берунии чашм, ки шаффоф аст)-и ҷаҳон, мутаваллиди соли 1314 шамсӣ (1935 милодӣ) дар Шероз аст, ки тавассути шахсиятҳои барҷастаи чашмпизишкии Амрико ба унвони беҳтарин ҷарроҳи пайванди қарния дар дунё, муаррифӣ шуд.
Ин чашмпизишки тавонманд, тайи 37 соли гузашта ба таври мукаррар ба ватанаш (Эрон) муроҷиат мекард ва дар фаъолиятҳои болинӣ ва омӯзишӣ дар бемористонҳои мухталифи Теҳрон ва Шероз ширкат мекард.
Нахустин пайванди муваффақиятомези қарния дар Эрон, дар корномаи ин чашмпизишки машҳури ҷаҳон ба сабт расидааст.