Раъйи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба ҷонибдорӣ аз вазири кор
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i31267-Раъйи_Маҷлиси_Шӯрои_Исломии_Эрон_ба_ҷонибдорӣ_аз_вазири_кор
Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон тавонист бо ихтилофи раъйи андаке бори дигар аз Маҷлиси Шӯрои Исломӣ раъйи эътимод бигирад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 13, 2018 17:41 Asia/Dushanbe
  • Раъйи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба ҷонибдорӣ аз вазири кор

Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон тавонист бо ихтилофи раъйи андаке бори дигар аз Маҷлиси Шӯрои Исломӣ раъйи эътимод бигирад.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи сешанбе бо 126 раъйи мувофиқ, 124 раъйи мухолиф ва ду раъйи бетараф аз маҷмӯи 253 намояндаи ҳозир дар ҷаласаи ошкори рӯзи сешанбеи парлумон ба Алии Рабеӣ, вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон бори дигар эътимод карданд.

Ҷаласаи ошкори имрӯзи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба хотири тавзеҳхоҳии ду нафар аз вазирони ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ оғоз шуд. Намояндагон дар ҷаласаи алании навбати асри Маҷлиси Шӯрои Исломӣ низ ба баррасии тавзеҳоти Аббоси Охундӣ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон мепардозанд.