Март 14, 2018 14:43 Asia/Dushanbe
  • Раъйи эътимоди дубораи маҷлиси Эрон ба вазири ҷаҳоди кишоварзӣ

Намояндагони маҷлиси Шурои исломии Эрон бо истизоҳ(бозхост)-и Маҳмуд Ҳуҷҷатӣ вазири ҷаҳоди кишоварзии Эрон мухолифат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, баррасии тарҳи истизоҳи Маҳмуди Ҳуҷҷатӣ-вазири ҷаҳоди кишоварзии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар саҳни алании маҷлиси Шурои исломӣ баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа пас аз суханронии намояндагони мувофиқ ва мухолифи истиҳзоҳ ва дифои вазири ҷаҳоди кишоварзӣ, раъйгирӣ бо гирифтани баргаи овозҳо аз намояндагон анҷом шуд.

Намояндагони маҷлис бо 105 раъйи мувофиқ, 117 раъйи мухолиф ва ҳафт раъйи мумтаниъ аз маҷмуъи 229 раъйи ҷамъшуда бо истизоҳи Маҳмуди Ҳуҷҷатӣ мухолифат карданд.

Барчасп