Март 16, 2018 19:00 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Муборизаи муштарак бо терроризм то озодии комили Сурия зарурӣ аст

Вазири умури хориҷии Эрон бо баёни ин ки “имрӯз буҳрони Сурия дар нуқтаи атф қарор дорад”, бар идомаи муборизаи муштарак бо терроризм то озодии хоки ин кишвар аз ишғоли гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон имрӯз дар поёни нишасти сеҷониба бо вазирони умури хориҷии Русия ва Туркия дар Остонаи Қазоқистон бо баёни ин ки барқарории оташбас ва эҷоди манотиқи коҳиши таниш гоми қавие дар масири хомӯш кардани ҷанги хонумонсӯз дар Сурия буд, гуфт, раванди Остона ин тавфиқро дошт, ки танҳо раванди муваффақи байналмилалӣ барои коҳиши таниш дар Сурия бошад. Муҳаммадҷаводи Зариф бо таъкид бар коҳиши мушкили мардуми Сурия афзуд, осон кардани шеваи кумакрасонӣ ва дастрасии инсондӯстона ба манотиқи буҳрон бахше аз раванди Остона будааст ва дар ду рӯзи гузашта низ нишасти марбут ба боздоштшудагону рабудашудагон ва таҳвили ҷасаду шиносоии онҳо дар Остона шакл гирифт, ки ин раванд бояд бо муваффақият ба пеш биравад. Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон дастрасӣ ба ҳама манотиқи таҳти ишғол ва манотиқеро, ки дар ҳолати буҳрони инсонӣ қарор доранд, муҳим хонда тасреҳ кард, дар ин замина раванди Остона талошҳои худро идома хоҳад дод.

Вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия рӯзи ҷумъа дар Остонаи Қазоқистон дар нишасти сеҷониба дар бораи охирин таҳаввулоти раванди Остона ва авзои Сурия гуфтугӯ ва дар поён баёнияе иборат аз 20 банд содир карданд. Вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия дар ин баёния бо эъломи ин ки буҳрони Сурия роҳҳали низомӣ надорад, бар идомаи талошҳо барои тақвияти оташбас, ҳифзи тамомияти арзии Сурия ва ҳамчунин ташкили кумитаи Қонуни Асосӣ таъкид карданд. Бар асоси тавофуқи вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия муқаррар шуд, нишасти ояндаи сарони ин се кишвар чаҳоруми апрели соли 2018 дар Истанбули Туркия баргузор шавад. Бар ҳамин асос Ҳасан Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳурҳои Эрон, Русия ва Туркия дар Истанбул гирдиҳам меоянд.

 

Барчасп