Музокироти Рӯҳонӣ ва Бердимуҳаммадов дар Ашқобод+видео
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои дидори расмӣ аз Туркманистон дар Ашқобод ҳузур дорад, бо ҳамтои туркмани худ дидор кард.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи сешанбе, пас аз садо додани суруди миллии ду кишвар ва гузашти низомӣ ҳайатҳои олирутбаи ҳамроҳро ба якдигар муаррифӣ карданд. Пас аз маросими истиқболи расмӣ музокироти дуҷонибаи раисҷумҳурҳои Эрону Туркманистон ва ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар оғоз шуд.
Дар ҳошияи музокироти раисҷумҳурҳо ва сипас ҳайатҳои олирутбаи Эрону Туркманистон чандин санади ҳамкорӣ ба имзои мақомҳои ду кишвар мерасад. Имрӯз ҳамчунин нишасти муштараки тоҷирони бахши хусусии Эрону Туркманистон низ бо ҳадафи ҷустуҷӯи роҳҳои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ дар Ашқобод баргузор мешавад.
Раисҷумҳури Эрон асри фардо, чаҳоршанбе, бо даъвати расмии Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон озими Боку мешавад.