Март 28, 2018 11:36 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Хурӯҷи низомиёни хориҷӣ муқаддимаи сулҳ дар Афғонистон аст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон муқаддимаи ҳаракат ба самти сулҳ дар ин кишвар аст.

Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷии Эрон, ки дар садри ҳайате барои ширкат дар конфронси сулҳи Афғонистон дар Тошканди Узбакистон ба ин кишвар сафар кардааст, рӯзи сешанбе дар ин конфронс ҷанг ва ноамнӣ дар Афғонистонро натиҷаи ҳузури нерӯҳои низомии хориҷӣ донист. Ироқчӣ бо эъломи ин ки рӯйкарди низомӣ барои ҳалли масъалаи Афғонистон дар гузашта шикаст хӯрдааст ва дар оянда низ шикаст хоҳад хӯрд, аз ибтикори ахири раисҷумҳури Афғонистон мабнӣ бар даъват аз мухолифони мусаллаҳ барои ҳозир шудан дар раванди музокироти сулҳ истиқбол кард. Ироқчӣ гуфт, ин иқдоми давлати Афғонистон гоми мусбате аст, ки тарафҳои даргир дар ҷангро ба анҷоми гуфтугӯ бо ҳадафи ёфтани роҳҳалли сиёсӣ барои мушкилоти ин кишвар даъват мекунад. Муовини сиёсии вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои кумак ба давлати Афғонистон бо ҳадафи пешбурди раванди сулҳ дар ин кишвар эълом кард.

Конфронси Тошканд бо унвони "Сулҳ дар Афғонистон, ҳамкории амниятӣ ва иртибототи минтақаӣ" рӯзи сешанбе, 27-уми март бо ширкати раисҷумҳурони Узбакистону Афғонистон, намояндагони 25 кишвар ва созмонҳои минтақаию байналмилалӣ дар пойтахти Узбакистон баргузор шуд.

 

Барчасп