Апрел 05, 2018 09:05 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Мубориза ва муқовимат танҳо роҳи наҷоти Фаластини мазлум аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ илоҷи масъалаи Фаластинро тақвияти ҷиноҳи мубориз ва муқовим дар дунёи Ислом ва шиддат ёфтани мубориза бо режими саҳюнистӣ ва пуштибонони он донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба номаи чанде қабли Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) таъкид карданд: Ҳаракат ба самти музокира бо режими фиребкор, дурӯғгӯ ва ғосиб хатои нобахшидании бузурге аст, ки пирӯзии миллати Фаластинро ба ақиб меандозад ва ҷуз хусрон (зиён) оид (суд)-и он миллати ситамкашида намекунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ изҳор доштанд, бешак мубориза ва муқовимат танҳо роҳи наҷоти Фаластини мазлум ва танҳо нусхаи шифобахши ҷароҳатҳои ворид бар пайкари он миллати шуҷоъ ва сарафроз аст.

Эшон хотирнишон карданд: “Мавзӯоти матраҳшуда дар номаи Исмоил Ҳания дар бораи чолишҳои бузурги уммати исломӣ, хиёнат ва нифоқи бархе аз кишварҳои араби минтақа ва нақшаҳои хабосатомези онон дар табаият аз “Шайтони бузург” (Амрико) ва саъю талоши фаластиниён ба унвони муборизони хатти муқаддам дар баробари фишору зулму ҷинояти душман, ҳақиқати маҳз ва мавриди таъйиди мо аст ва мо худро муваззаф ба ҳимоят аз шумо аз ҳар навъи он медонем”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд, имрӯз бозгашт ба иззат ва иқтидор барои уммати исломӣ мунҳасиран дар гарави истодагӣ дар баробари истикбор ва нақшаҳои хабосатомези он аст ва масъалаи Фаластин дар раъси ҳамаи масоили байналмилали исломӣ дар муқобили истикбор аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, миллатҳо ва ба вижа ҷавонони ғаюр дар кишварҳои исломӣ ва арабӣ ва низ давлатҳое, ки нисбат ба Фаластин эҳсоси масъулият мекунанд, бояд ин вазифаи бузургро комилан ҷиддӣ бигиранд ва бо муҷоҳидати ҳамосӣ ва мудаббирона душманро маҷбур ба ақибнишинӣ ба самти нуқтаи завол кунанд.

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши ҲАМОС чанде қабл дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо ишора ба абъоди тавтеаи бузурги истикбор алайҳи Қудс ва миллати Фаластин, бо ҳадафи сарнагун кардани Ғазза ба унвони қалъаи муқовимат ва поён додан ба мубориза алайҳи режими ишғолгар ва оддисозии равобити ҳокимони вобастаи минтақа бо он, аз ҳимоятҳои миллати Эрон ва ҳидоятҳои Раҳбари инқилоби исломӣ аз ҷунбиши муқовимат қадрдонӣ карда буд.  

 

Барчасп