Апрел 09, 2018 14:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз 83 дастоварди ҳастаии Эрон

Аз 83 дастовард дар бахшҳои мухталифи санъати ҳастаии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин дастовардҳо дар ҳавзаҳои мухталифи санъати ҳастаӣ, аз ҷумла сентрифугаҳо, ҷудосозӣ, радиодору, саррези дониш дар ҳавзаи об, беҳдошту дармон ва неругоҳӣ аст.

Раисиҷумҳури Эрон дар “Рӯзи миллӣ”-и фановарии ҳастаӣ ҳамроҳ бо Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ боздид кард ва бо тавзеҳоти муҳандисон, мудирон ва мутахассисони санъати ҳастаӣ, аз охирин дастовардҳо ва пешрафтҳои донишмандони эронӣ дар ҳавзаҳои мухталифи энержии ҳастаӣ огоҳ шуд.

Ҳамчунин маросими бузургдошти «Рӯзи миллии фановарии ҳастаии Эрон» бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, ҷамъе аз вазирон, намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва намояндагоне аз дигар кишварҳо дар Теҳрон баргузор шуд.

20-уми фарвардин баробар бо нӯҳуми апрел ба поси талошҳои ифтихоромези донишмандони ҳастаии Эрон ва такмили чархаи сӯхти ҳастаӣ, дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон, “Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ” номгузорӣ шудааст.