Бархурди қонунӣ бо атбои хориҷии бидуни мадорики муътабар дар Хуросони Разавӣ
Мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини устондории Хуросони Разавӣ эълом кард, имсол (1397 -и шамсӣ) бо шаҳрвандони хориҷии бидуни мадрак (ҳуҷҷат)-ҳои иқоматии муътабар бархурд мешавад.
Муҳаммади Аҷамӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон афзуд, дар қолаби тарҳи Ҳузури қонунии атбои хориҷӣ дар Хуросони Разавӣ, ки аз ибтидои соли 1397 ба ҳукми иҷро даромадааст, мақомоти зирабт бо атбои хориҷии бидуни мадорики муътабар бархурди қонунӣ мекунанд.
Аҷамӣ идома дод, ҳамчунин бозрасони Идораи кулли таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии устони Хуросони Разавӣ шаҳрвандони хориҷии беиҷозати корро, ки дар фурсатҳои шуғлӣ ба кор гирифта шудаанд, шиносоӣ ва бо онҳо бархурд мекунанд.
Ба гуфтаи вай, илова бар ин, корфармоёни қонуншикане, ки атбои хориҷии бидуни мадраки иқомати муътабар ва иштиғол (кор)-ро ба кор бигиранд, низ ҷарима мешаванд.
Мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини устондории Хуросони Разавӣ ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки қасди вуруд ба Эронро доранд, тавсия кард, бо мадорики иқомати муътабар ва дар сурате, ки тасмим ба кор кардан доранд, бо визаи кор дохили кишвар шаванд.
Аҷамӣ ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷии сокин дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсия кард, бо тамдиди бамавқеи мадорики иқоматӣ ва кори худ, аз бархурдҳои қонунии баъдӣ пешгирӣ кунанд.
Ин масъул аз теъдоди атбои хориҷии бидуни мадорики муътабар, ки аз ибтидои сол бо онҳо бархурд шудааст, оморе надод, вале таъкид кард, бархурдҳои қонунӣ шомили ҷарима ва сипас ихроҷ аз кишвар аст.
Ба гуфтаи вай, имсол бо ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар тарҳи саршуморӣ аз атбои бидуни мадорики муътабар дар соли гузашта (1396-и шамсӣ) ширкат накарда бошанд, бархурд мешавад.
Ҳудуди 320 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ дар устони Хуросони Разавӣ ҳузур доранд, ки умдаи ононро атбои афғонистонӣ ташкил медиҳанд.
95 дарсади ин шаҳрвандон дар устон, сокини Машҳад ҳастанд, ки ҳудуди 10 дарсад аз ҷамъияти ин калоншаҳрро ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Вазорати кишвар, Хуросони Разавӣ бузургтарин ҷамъияти муҳоҷири кишварро мизбонӣ мекунад.
Аҳмади Муҳаммадифар гуфтааст, ин устон аз назари пазириши паноҳандагон ва муҳоҷирон дар рутбаи дувум ва аз назари пешниҳоди хадамот ва расидагӣ дар рутбаи аввали кишвар қарор дорад.