Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Вашингтон, Телавив ва Риёз дар садади эҷоди тафриқа байни мусулмонон ҳастанд
(last modified 2018-04-13T11:10:48+00:00 )
Апрел 13, 2018 16:10 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Вашингтон, Телавив ва Риёз дар садади эҷоди тафриқа байни мусулмонон ҳастанд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон таъкид кард: Сегонаи шуми Вашингтон, Телавив ва Риёз имрӯз дар ҳоли думбол кардани масири тафриқа байни мусулмонон ҳастанд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тавтиаҳои душманон барои зарба задан ба ислом гуфт: Мабнои ташкили давлати ваҳҳобии Саудӣ эҷод ва густариши тафаккури такфирӣ аст, ки барои тафриқа ва зарба задан ба ислом шакл гирифт.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ бо баёни ин ки Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистон ба думболи аз байн бурдани мактаби шаҳодат ҳастанд, афзуд: Ба кӯрии чашми душманон, фарҳанги шаҳодат рӯз ба рӯз густариш меёбад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба изҳороти зиддиэронии валиаҳди Арабистон тасреҳ кард: Риёз дар дасти валиаҳди беақл ва бедине аст, ки бо созиш бо саҳюнистҳо ва Амрико, ҳамроҳии худро бо онон ошкор кард.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ таъкид кард: Ҷаҳони ислом бояд ваҳдати калимаро дар баробари сегонаи шуми Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистон ҳифз кунад.