Намояндаи валии фақеҳ дар неруи Қудси Сипоҳи Посдорон: Режими Исроил даст аз ҳамоқат бардорад
(last modified 2018-04-13T11:32:32+00:00 )
Апрел 13, 2018 16:32 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи валии фақеҳ дар неруи Қудси Сипоҳи Посдорон: Режими Исроил даст аз ҳамоқат бардорад

Намояндаи валии фақеҳ дар неруи Қудси Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Режими Исроил агар мехоҳад чанд рӯзе бештар ба ҳаёти хабосатолуди худ идома диҳад, даст аз ҳамоқат бардорад.

Ба гузориши ал-Олам, Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Алии Шерозӣ намояндаи валии фақеҳ дар неруи Қудси Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки Эрон, Сурия нест, изҳор кард: Эрон қудрати тахриби режими Исроилро дорад ва агар баҳона ба дасти Эрон бидиҳад, Тел-Авив ва Ҳайфо бо хок яксон мешаванд.

Бинёмин Натанёҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ чаҳоршанбе 11 апрел, дар идомаи лафзбозиҳои худ гуфта буд: Исроил таҳоҷуми ба худро бо қудрат посух хоҳад дод.

 

Барчасп