Радди баёнияи Кумитаи чаҳорҷонибаи арабӣ аз сӯи Эрон
(last modified Fri, 13 Apr 2018 14:33:20 GMT )
Апрел 13, 2018 19:33 Asia/Dushanbe
  • Радди баёнияи Кумитаи чаҳорҷонибаи арабӣ аз сӯи Эрон

Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа бо радди баёнияи Кумитаи чаҳорҷонибаи арабӣ, тамоми мавориди мазкур дар баёнияи ин кумитаро, ки бо ҳузури дабири кулли Иттиҳодия араб баргузор шудааст, дурӯғ ва бепоя хонд.

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи араб дар баёнияи поёнии нишасти Риёз, ки панҷшанбешаб содир шуд, муддаӣ шуданд, ки Эрон дар умури дохилии кишварҳои арабӣ дахолат мекунад ва ин иқдом, сулҳ ва амнияти минтақаро таҳдид мекунад.

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи араб ҳамчунин бо такрори иддаои Иморот мабнӣ бар моликияти ҷазоири сегонаи эронии Тунби Кучак, Тунби Бузург ва Абумусо, аз ҳар гуна иқдоми Иморот дар ин хусус ҳимоят карданд.

Баҳроми Қосимӣ бо радди сареҳи иттиҳомоти воридшуда дар баёнияи ҳаштумин нишасти Кумитаи вазорати чаҳорҷонибаи арабӣ, ки дар ҳошияи нишастҳои муқаддамотии иҷлоси сарони Иттиҳодияи араб баргузор шуд, ин иттиҳомотро воҳӣ, беасос, ношӣ аз таваҳҳум ва тавҳиномез хонд ва афзуд: Идомаи ин раванд, минтақаро беш аз пеш аз расидан ба субот ва оромиш дур мекунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба мабно қарор додани рӯйкарди хасмона ва мухарриби бархе афкори ҳидояткунанда ва нодуруст дар ин баёния, аз ин ки бархе кишварҳо ҳамчунон аз сари ноогоҳӣ бар мавзеи душманӣ ва истимрори ҳаракати иштибоҳи фарсоишии худ дар муқобили Ҷумҳурии Исломии Эрон исрор меварзанд ва душмани аслӣ ва муштараки уммати исломиро ба фаромӯшӣ супурдаанд, ибрози таассуф кард.

Қосимӣ ибрози умедворӣ кард, иҷлоси сарони Иттиҳодияи араб, ки қарор аст тайи чанд рӯзи оянда баргузор шавад, битавонад дар шинохти авомили муассир ва аслии суботзо дар минтақа ба дур аз меъёрҳои чандгона, ба шинохти амиқ ва дақиқ аз илатҳои буҳронҳои кунунӣ ва бо воқеъбинии мубтанӣ бар таърихи сиёсии минтақа дар ҷиҳати ҳамгароии кишварҳои арабӣ ва исломӣ гом бардорад.

Нишасти сарони Иттиҳодияи араб 15 апрел дар Риёзи Арабистон баргузор хоҳад шуд.