Зариф: Сарнавишти аъзои ЭКО дарҳамтанида аст
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, сарнавишти кишварҳои узви ЭКО дарҳам омехтааст ва шикасту муваффақият дар як қисмат аз ин минтақа ҳамаро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.
Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи сешанбе дар ҳузури вазирони умури хориҷии 10 кишвари узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва муовинони онҳо дар шаҳри Душанбе афзуд, терроризм, ифротгароӣ ва мудохилаи хориҷӣ аъзои ЭКО-ро таҳдид мекунад. Зариф афзуд, бо вуҷуди шикасти ДИИШ шабакаҳои густурдае аз гурӯҳҳои ифротӣ, бахусус дар ғарб, ҷануб ва маркази Осиё фаъолият доранд, ки хатари ҷиддитаре барои минтақаи ЭКО маҳсуб мешаванд. Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, кишварҳои минтақа ба ҳамкорӣ ва эҷоди як стратегияи муштараки минтақаӣ барои мутаваққиф кардани рушду таъмини молии ифротгароӣ ниёз доранд. Ӯ таъкид кард, муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддир метавонад яке аз муҳимтарин манобеи молии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротиро аз байн барад.
Зариф ҳамчунин гуфт, кишварҳои узви ЭКО бо теъдоде аз чолишҳои дигар, монанди тахриби муҳити зист, тағйироти обуҳавоӣ, хушксолӣ, тӯфонҳои гарду ғубор ва олудагӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард.