Рӯҳонӣ: Қудратҳои хориҷӣ худсарона ба кишваре таҷовуз мекунанд
(last modified Wed, 18 Apr 2018 09:47:10 GMT )
Апрел 18, 2018 14:47 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Қудратҳои хориҷӣ худсарона ба кишваре таҷовуз мекунанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, қудратҳои хориҷӣ бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ дар умури минтақа дахолат ва бар хилофи эъломияи Созмони Милал ва қонунҳои байналмилалӣ, ба кишваре таҷовуз мекунанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар маросими Рӯзи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон, бо баёни ин ки сиёсати Эрон дар минтақа эҳтиром ба ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои минтақа аст, гуфт: Кишварҳои минтақа ҳам набояд ба дунболи хариди амният ва қудрат аз сӯйи қудратҳои бузург ё як режими номашруъ дар минтақа бошанд.

Раиси ҷумҳурии Эрон вазифаи артишро ҳифозат аз тамомияти арзӣ ва ҳифзи низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва истиқлоли кишвар донист ва афзуд, Эрон ниёзманди қудрат ва силоҳҳои боздоранда аст то дар баробари тавтеаи қудратҳои бузург биистад ва ба террористҳо иҷоза надиҳад, ки чашми ҳузур ва тамаъ ба Эрон дошта бошанд.

Рӯҳонӣ таъкид кард: Эрон ҳар силоҳе, ки ниёз дошта бошад, тавлид ва таҳия мекунад ва мунтазири мувофиқат ва назари мусбати қудратҳои бузург нахоҳад буд. Қудратҳои бузург ҳам минтақаро пур аз борут накунанд ва тоҷирона бо кишварҳои минтақа бархурд накунанд ва корхонаҳои аслиҳасозии худро тавсеа надиҳанд.

Охирин дастовардҳо ва таҷҳизоти нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паради муштараки ягонҳои намунаи артиш, ба муносибати фаро расидани 29-уми фарвардин (Рӯзи артиш), баробар бо 18-уми апрел ба намоиш гузошта шуд.

 Аз ҷумлаи ин таҷҳизот сомонаи мушакии “Камин -2” буд, ки рӯнамоӣ шуд.

Ин сомонаи мушакӣ иртифои пойин буда ва ба манзури муқобила бо анвои парандаҳои бидуни сарнишин ва ҳадафҳои паранда дар иртифои кам мавриди истифода қарор мегирад.

Ин сомона ҳамчунин иртиқоёфтаи сомонаи мушакии “Мирсод” буда ва дар ҷараёни размоишҳои падофандӣ мавриди озмоиш қарор гирифта ва амалиётӣ шудааст.

Дар ин маросим охирин намунаи тонки “Зулфиқор”-и Эрон, таҷҳизшуда бо пешрафтатарин сомонаҳои зиреҳии мавҷуд дар ҷаҳон, сомонаи падофанди ҳавоии худкашишии чархдори “Баҳман” - муҷаҳҳаз ба ду тӯпи 57 ММ, тӯпи садоди 23 - қобили ҳамл бар рӯйи худравҳои токтикии обӣ- хокии БТР, сомонаи тӯпи 23 ММ бо имкони тасбит бар рӯйи ҳадаф ва иҷрои оташ дар ҳангоми ҳаракат ба намоиш гузошта шуданд.