Намояндагии Эрон дар Созмони Милал: Режими саҳюнистӣ таҳдиди аслии сулҳу суботи Ховари Миёна аст
(last modified 2018-04-27T10:30:48+00:00 )
Апрел 27, 2018 15:30 Asia/Dushanbe
  • Намояндагии Эрон дар Созмони Милал: Режими саҳюнистӣ таҳдиди аслии сулҳу суботи Ховари Миёна аст

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милали муттаҳид рӯзи панҷшанбе дар баёнияе ҳамсуии намояндагони Режими саҳюнистӣ ва Саудӣ дар иттиҳомзанӣ алайҳи Эронро талоше барои инҳирофи афкори умумии ҷаҳон аз ҷиноёти ин ду режим донист ва тасреҳ кард, саҳюнистҳо манбаи аслии таҳдиди сулҳу суботи Ховари Миёна ҳастанд.

Намояндагони Режими саҳюнистӣ ва Арабистони Саудӣ рӯзи панҷшанбе аз фурсати нишасти Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, ки бо мавзӯи Ховари Миёна ва баррасии номаи Фаластин барои расидагӣ ба ҷиноёти саҳюнистҳо дар куштори тазоҳуркунандагони мусолиматомез дар Ғазза баргузор шуд, барои ҳамла ба Эрон ва иттиҳомпароканӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон баҳра бурданд.

Намояндагии Эрон дар Созмон милал дар посух ба ин иттиҳомҳои беасос дар ин баёния тасреҳ кард, изҳороти эронҳаросона ва парешонгӯёна ба таври фаъолона тавассути афроде такрор мешавад, ки ба эҷоди як душмани тахайюлӣ барои фурӯши «силоҳҳои зебо», ишғолгарӣ ё таҷовузи ғайриқонунии худ ниёз доранд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин ва ҳамчунин таҷовузи Арабистони Саудӣ ба Яманро маҳкум ва аз фаластиниён ва яманиҳо ҳимоят кардааст.

Режимҳои саҳюнистӣ ва Саудӣ ин сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эронро барнаметобанд.

Арабистон ва Режими саҳюнистӣ аз муттаҳидони аслии Амрико дар минтақаи Ховари Миёна ҳастанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши асосӣ дар муқобила бо тавтиаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ-саҳюнистӣ-саудӣ дар минтақа дорад.

 

Барчасп