Апрел 30, 2018 16:25 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Пои амрикоиҳо аз минтақа қатъ хоҳад шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Он касе, ки бояд аз минтақаи ғарби Осиё хориҷ шавад, Амрико аст ва на ҷумҳурии исломӣ.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар остонаи рӯзи кор ва коргар ва дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон ва корофаринон, бо ишора ба ноамнӣ ва даргирии ноши аз ҳузури Амрико дар минтақаи ғарби Осиё таъкид карданд: Ба ҳамин далел бояд пои амрикоиҳо аз ин минтақа қатъ шавад.  

Эшон бо баёни инки амрикоиҳо мехоҳанд, ҳазинаи муқобила бо низоми ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эронро ба души бархе давлатҳои минтақа биандозанд, афзуданд: Ин кишварҳо бидонанд, агар бо ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шаванд, қатъан шикаст мехуранд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хитоб ба Амрико ва давлатҳои истикборӣ тасреҳ карданд: Халиҷи Форс ва ғарби Осиё, хонаи мост, аммо шумо, бегона ва ба дунболи аҳдофи хабосатомез ва эҷоди фитна ҳастед.

Эшон идома доданд: Амрикоиҳо талош доранд, то бо таҳрики саудиҳо ва бархе кишварҳои минтақа, онҳоро дар муқобили ҷумҳурии исломӣ қарор диҳанд, аммо агар онҳо ақл дошта бошанд, набояд фиреби Амрикоро бихуранд.

 

Барчасп