Сентябр 01, 2016 12:58 Asia/Dushanbe
  • Мусбат шудани тарози тиҷории Эрон нахустин бор баъд аз инқилоб

Муовини вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон гуфт, нахустин бор пас аз пирӯзи инқилоби исломӣ тавозуни тиҷории Эрон мусбат шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи байналамилалии Хабари Эрон, Саидҳусайн Миршуҷоиёни Ҳусайнӣ-муовини вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон рӯз чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд, дар панҷ моҳаи нахусти имсол (1395 шамсӣ) арзиши содироти ғайринафтии Эрон бо рушди 10 дарсад мувоҷеҳ ва воридот низ коҳиш ёфт.

Вай бо ишора ба шароити иқтисодии Эрон баъд аз рӯйи кор омадани давлати ёздаҳум ва ҳамчунин баъд аз БАРҶОМ гуфт, бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар сол 2015, рутбаи Эрон дар даромади саронаи нохолиси миллӣ як пила афзоиш ёфт ва ба рутбаи 90 расид.

Миршуҷоиёни Ҳусайнӣ бо баён ин ки дар шохиси суҳулати анҷоми касбу кор пеш аз давлати ёздаҳум, рутбаи 152 дунёро дошт, гуфт, ин рутба ҳамакнун ба 118 расидааст.

Вай ба амалкарди давлати ёздаҳум дар тавлиди нафт ишора кард ва гуфт, саҳм нафт аз буҷа дар соли гузашта 33 дарсад буд, ки дар панҷ моҳи нахусти имсол (1395) ин саҳм ба 20 дарсад коҳиш ёфтааст.

Миршуҷоиёни Ҳусайнӣ бо баёни ин ки саҳми молиёт дар буҷа, дар соли гузашта 39 дарсад буд, гуфт, дар 4 моҳи аввали имсол ин саҳм ба 57 дарсад расидааст.

Вай бо ишора ба ҳамсон шудани нархи таваррум дар Эрон ҳам гуфт, пешбини ин аст, ки нархи таваррум дар сентябр боз ҳам коҳиш ёбд ва ба рақами 8.7 дарсад бирасад.

 

Барчасп