60 дарсади дохилшавандагони донишгоҳҳои Эрон, занон ва духтарон ҳастанд
Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури занон ва хонавода бо ишора ба ҳузури муваффақи занон дар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Эрон, гуфт, 60 дарсад аз вурудии донишгоҳҳои кишварро духтарон ва занон ташкил медиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Маъсумаи Ибтикор дар нишасти конгресси занони Индонезия афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мавзӯи беҳдошт ва саломати занон бисёр аҳамият медиҳад ва ироаи хадамоти дармонӣ ва беҳдоштии муносиб ба кӯдакон ва занонро бо ҷидият думбол мекунад.
Ибтикор идома дод, дар ҳоли ҳозир умед ба зиндагӣ дар занони эронӣ 75 сол аст, ки нисбат ба чиҳил сол қабли 25 сол афзоиш доштааст.
Ӯ дар идома тасреҳ кард, ифротгароӣ, терроризм ва ҷанг занони мусулмонро дар кишварҳое ҳамчун Фаластин, Яман, Сурия, Афғонистон ва Миёнмор таҳдид мекунад ва ҷаҳони Ислом бояд ба ин таҳдидот вокуниши муносиб нишон диҳад.
Конгресси миллии занон, ҳамаи созмонҳои иҷтимоии марбут ба бонувон дар Индонезияро дарбар мегирад, ки муташаккил аз 92 созмон ва 60 миллион узв аст.
Ин иҷлос рӯзи сешанбе дар шаҳри Богори Индонезия оғоз бакор кард.