Май 03, 2018 20:08 Asia/Dushanbe
  • Итмоми ҳуҷҷати вазири умури хориҷаи Эрон дар хусуси БАРҶОМ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар паёми видеоӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси БАРҶОМ, на музокира муҷаддад мекунад ва на чизе ба он изофа хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммадҷаводи Зариф тасреҳ кард, барои тавофуқи ҳастаӣ танҳо як роҳ вуҷуд дорад ва он пойбандии комили Амрико ба тааҳҳудоташ аст.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нақз мудоми БАРҶОМ аз сӯи Амрико, ишора ва тазаккур кард, агар Вашингтон ба нақзи тавофуқ идома диҳад ё аз он хориҷ шавад, Эрон низ аз ҳаққи худ барои вокуниш нишон додан истифода хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, сару садо кардан ё таҳдид, барои Амрико тавофуқи ҷадиде ба армуғон намеоварад махсусан замоне, ки Вашингтон ба тавофуқе, ки ҳамакунун ба даст омада, эҳтиром намегузорад.

Зариф бо ишора ба наздик шудани ваъдаи тасмими Амрико барои тамдиди таълиқи таҳримҳои Эрон, гуфт, бархе давлатҳои аврупоӣ ахиран барои мутақоид кардани раисиҷумҳури Амрико барои мондан дар БАРҶОМ, имтиёзҳои бештареро аз тарафи Эрон ба вай ваъда додаанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, як бор барои ҳамеша эълом мекунам, Эрон на амнияти худро тазъиф мекунад ва на бар сари тавофуқе, ки бо ҳусни ният ба даст омадааст, музокира хоҳад кард.

 

Барчасп