Тамҷиди вазири хориҷаи собиқи Эрон аз амалкарди муваффақи Эрон дар Тоҷикистон
Вазири хориҷаи собиқи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон дар ҳалли буҳрони Тоҷикистон бисёр муассир будааст.
Манучеҳри Муттакӣ, дар Ҳамоиши байналмилалии уфуқҳои ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид кард, ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора дар ниҳояти самимт ва бо стратегияи қобили дифоъ дар ҳалли мунозиоти дохилии Тоҷикистон кушидааст.
Вай бар густариши муносиботи энержӣ миёни кишварҳои минтақа таъкид кард ва дар бахше дигар аз суханонаш тавлид ва густариши шинохтро дар густариши равобит бисёр муҳим арзёбӣ кард.
Вазири хориҷаи собиқи ҷумҳурии исломии Эрон дар идома пешқаровулони ин ҳаракатро донишгоҳҳо ва муассисоти илмии фарҳангӣ унвон кард.
Суханони Муттакиро дар Ҳамоиши байналмилалии уфуқҳои ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ бишнавед.