Оғози ройзаниҳои барҷомии Эрон
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон аз сафари раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ба Чин, Русия ва Белгия барои ройзанӣ дар бораи БАРҶОМ хабар дод.
Баҳроми Қосимӣ гуфт: Муҳаммадҷаводи Зариф ба дастури раисҷумҳури исломии Эрон, барои ройзанӣ ва табодули назар бо Аврупо ва дигар тарафҳои БАРҶОМ ва баррасии имкони тадовуми тавофуқи ҳастаӣ дар сурати тазмини манофеи миллати Эрон, аз фардо шаб сафари фишурдаеро ба Чин, Русия ва Белгия оғоз мекунад.
Вай афзуд: Вазири хориҷаи Эрон якшанбе бо мақомоти чинӣ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард ва сипас аз Пекин роҳии Маскав мешавад.
Зариф сешанбе бо ҳузур дар Брюссел дар нишасте бо ҳузури вазирони хориҷаи E3 (Фаронса, Олмон ва Англия) ва Федерика Могерини, ҳамоҳангкунандаи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ширкат мекунад.