Май 13, 2018 15:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Сиёсати минтақаии Эрон, ҳифзи амният, субот ва мубориза бо терроризм аст

Раисҷумҳури исломии Эрон, сиёсати минтақаии Теҳронро ҳифзи амният, субот ва мубориза бо терроризм унвон кард ва гуфт: Эрон аз инки тавониста ба давлат ва миллати Ироқ кумак кунад, то ДИИШ-ро аз пой дароваранд ва мардуми ин кишвар дар амният ва оромиш пои сандуқҳои раъй бираванд, хурсанд аст.  

Ҳасани Рӯҳонӣ дар Нишасти ҳайъатҳои олирутбаи Эрон ва Шри-Ланка дар Теҳрон, хориҷ шудани яктарафаи Амрико аз БАРҶОМ-ро иқдоме хилофи ахлоқ, урф ва муқаррароти байналмилалӣ донист ва изҳор кард: Аҳдшикании Амрикоиҳо нишон медиҳад, ки онҳо ба тааҳҳудоти худ пойбанд нестанд ва наметавон ба онон эътимод кард.

Рӯҳонӣ, ҳамчунин равобити Эрон ва Шри-Ланкаро мусбат ва дӯстона арзёбӣ ва бар зарурати талош дар ростои иртиқои ҳамаҷонибаи муносибот бавижа ҳамкории муштараки тиҷорӣ ва иқтисодӣ таъкид кард.

Майтрипала Сирисена, раисҷумҳури Шри-Ланка низ дар ин нишаст, густариши равобит ва ҳамкории иқтисодии Теҳрон ва Коломборо дар ростои иртиқои сатҳи мубодилоти тиҷорӣ ва расидан ба шукуфоии иқтисодӣ зарурӣ хонд ва ҳузури сармоягузорон ва фаъолони иқтисодии Эрон дар иҷрои тарҳҳои Шри-Ланкаро хостор шуд.

 

Барчасп