Рӯҳонӣ: Байтулмуқаддасро наметавон аз мусулмонон гирифт
(last modified Wed, 16 May 2018 10:43:06 GMT )
Май 16, 2018 15:43 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Байтулмуқаддасро наметавон аз мусулмонон гирифт

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Масҷидулақсо ва Байтулмуқаддас мавриди эҳтироми ҳамаи мусулмонон аст ва ин сарзамини муқаддасро бо бозиҳои сиёсӣ наметавон аз ҷамъияти як миллиарду 500 миллион мусулмонони ҷаҳон ҷудо кард.  

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳайъати давлати Эрон афзуд: Режими саҳюнистӣ ҳамвора ба дунболи таҷовуз ва куштани бегуноҳон будааст ва низомиёни ин режим дар рӯзи накбат низ миллати мазлум ва озодаи Фаластинро ба хоку хун кашиданд ва даҳҳо нафарро шаҳид ва ҳазорон нафарро маҷрӯҳ карданд.

Раисҷумҳури Эрон бо изҳори таассуф аз сукути бархе кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар қиболи ҷиноёти саҳюнистҳо гуфт: Миллати Фаластин барои сарзамини худ меҷангад ва ҷои таассуф аст, ки бархе кишварҳои ғарбӣ аз вожаи дифои машруъ барои ҷиноёти режими саҳюнистӣ истифода мекунанд.