Май 16, 2018 20:30 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Шӯрои ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон дар маҳкумияти куштори миллати Фаластин

Амрико бори дигар бистари ҷинояте ҳавлнок бадасти режими Исроил алайҳи миллати Фаластинро фароҳам карданд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ рӯзи душанбе сафорати Амрикоро аз Телавив ба Қудс мунтақил кард.

Ҳамзамон бо ин иқдоми хилофи ҳуқуқи байналмилал, низомиёни саҳюнист, эътирози фаластиниён ва соҳибони ҳақиқии сарзамини Фаластин ва Қудс ба ин ишғолгариро ба хоку хун кашонданд.

Дар ин саркуб, дастикам 60 фаластинӣ ба зарби гулула шаҳид ва 3000 нафар захмӣ шуданд.  

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон бо судури баёнияе тасреҳ кард: Муттаҳами радифи аввали ҷинояти рӯзи душанбе дар Фаластин, давлати Амрикост, ки бо ифтитоҳи сафорати худ дар Қудс, чароғи сабзро ба режими дастнишондаи худ барои куштани занон ва кӯдакони бегуноҳ ва мазлуми фаластинӣ нишон дод.

Саидҳасани Қозизодаи Ҳошимӣ, вазири беҳдошти ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар номае ба раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт (who), зимни ҳушдор дар бораи вуқуи фоҷеаи инсонӣ дар навори Ғазза таъкид кард: Сукути маҷомеи расмии байналмилалӣ пазируфтни нест ва набояд танҳо ба маҳкумияти ин ҷиноят басанда кард.

Абдулборӣ Атвон, нависандаи машҳури ҷаҳони араб мегӯяд: “Мо аз Фаластин менависем. Мавзуе, ки аз сӯи ҷаҳони араб ва маҳофили байналмилал гарди фаромӯшӣ бар рӯи он нишастааст. Аз ҷиноёти Исроил ҳампаймони ҷадиди арабҳо алайҳи бародаронашон менависем, ки дигар бародарони онҳо ба ҳисоб намеоянд”.

Ҷинояткорони саҳюнист ҳафтод сол ишғолгариро бо ҷиноят ва террору куштори бевақфаи ҷавонон ва кӯдакони фаластинӣ идома додаанд.

Онҳо тасаввур мекунанд, ки ин роҳи поёни муқовимати мардуми Фаластин дар баробари ишғолгарон аст.  

Ҷавонони имрӯзи фаластинӣ агарчи гузаштаро надидаанд, аммо бомутолеаи таърихи нангини ташкили Исроил, ба дурустӣ ва ба таҷруба дарёфтаанд, ки танҳо роҳи иодаи ҳуқуқашон, муқовимат ва ташдиди мубориза бо ишғолгарон аст.

 

Барчасп