Май 17, 2018 16:46 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи Эрон ҳамчунон дар ҷойгоҳи аввали Осиё

Дар ҷадидтарин рейтинги Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), тими футболи Эрон, ҳамчунон дар раддаи нахусти Осиё қарор дорад.

Федератсияи байналмилалии футбол, дар камтар аз як моҳ монда ба рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия, раддабандии тимҳои миллиро, эълом кард ва тими миллии Эрон бо 727 имтиёз ва бидуни тағйир нисбат ба моҳи гузашта, дар ҷойгоҳи 36 ҷаҳон қарор гирифт.

Тими футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои чаҳорумин соли пайёпай ин унвонро ҳифз кардааст.

Дар ин раддабандӣ тимҳои миллии Олмон, Бразилия ва Белгия се тими нахусти ҷаҳон ҳастанд.

Дар қораи Осиё низ пас аз Эрон, Австралия бо 700 имтиёз ва Ҷопон бо 528 се тими нахуст ҳастанд.

Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия бо тимҳои миллии Мағриб, Испания ва Португалия ҳамгурӯҳ аст.

 

Барчасп