Вокуниши Эрон ба иттиҳомҳои зиддиэронӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34460-Вокуниши_Эрон_ба_иттиҳомҳои_зиддиэронӣ_дар_Афғонистон
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, касоне талош доранд бо иттиҳомзниҳои нораво, афкори умумии Афғонистонро аз иллатҳои воқеии идома ёфтани ҷанг дар ин кишвар, мунҳариф кунанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 21, 2018 13:25 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба иттиҳомҳои зиддиэронӣ дар Афғонистон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, касоне талош доранд бо иттиҳомзниҳои нораво, афкори умумии Афғонистонро аз иллатҳои воқеии идома ёфтани ҷанг дар ин кишвар, мунҳариф кунанд.

Баҳроми Қосимӣ гуфт, «дар пайи ҳамлаҳои ҳафтаи гузаштаи Толибон дар устони Фароҳи Афғонистон муттаассифона бархе дар ин кишвар, ҳамсоягонро муттаҳам ба ҳимоят аз Толибон кардаанд ва фармондеҳони амрикоӣ низ ки пас аз солҳо ҳузури низомии густурда дар Афғонистон ва рехтани хуни ҳазорон нафар аз мардуми бегуноҳи ин кишвар, аз эҷод ва истиқрори амният оҷиз мондаанд, талош доранд бо муттаҳам кардани Эрон ба ҳимоят аз Толибон, афкори умумии Афғонистонро аз далоили воқеии идома ёфтани ҷанг дар ин кишвар мунҳариф кунанд.»

Қосимӣ афзуд, ҳамлаи Толибон ба шаҳрҳои Афғонистон ва бозпасгирии онҳо ба дасти неруҳои давлатии ин кишвар, мавзӯи ҷадиде нест ва иртиботе ба равобити хуби Теҳрон ва Кобул надорад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон наздик ба чаҳор даҳа дар канори давлат ва мардуми Афғонистон барои дифо аз ҳокимият ва истиқлолашон истодааст ва изҳороте, ки барои ризояти бегонагон ва мутаҷовизон сурат мегирад, таносубе бо ин равобити дӯстона надорад.

Дар рӯзҳои ахир бархе маҳфилҳо дар Афғонистон ба баҳонаи ҳузури Толибон дар вилояти Фароҳи ин кишвар, ки ҳаммарз бо Эрон аст ва муборизаи неруҳои давлатӣ бо онҳо, Ҷумҳурии Исломии Эронро ба иртибот доштан бо Толибон муттаҳам карданд.