Паёми таслияти дабири кулли Комиссияи милли ЮНЕСКО-Эрон ба муносибати даргузашти устод Муъмини Қаноат
(last modified 2018-05-22T13:25:55+00:00 )
Май 22, 2018 18:25 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти дабири кулли Комиссияи милли ЮНЕСКО-Эрон ба муносибати даргузашти устод Муъмини Қаноат

Доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ, дабири кулли Комиссияи милли ЮНЕСКО-Эрон дар паёме даргузашти устод Муъмини Қаноатро таслият гуфт.  

Матни паёми Доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ бадин шарҳ аст:

Бисмаи таоло

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст

 

Солҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ

Олим гардад накӯ ё шоири ширинсухан

Даргузашти устоди фарзона Муъмини Қаноат, ки дар ҳавзаи форсизабонон ба унвони “нимои вароруд” шинохта мешуд, ҳама шефтагони фарҳанг ва адаби форсиро ба суг нишонд. Солҳо пеш шеъри зебои устод Муъмини Қаноат “Забони модарӣ” чун насиме дилангез бар бустони адаби форсӣ вазид:

Қанд ҷуӣ, панд ҷуӣ, эй ҷаноб!

Ҳар чӣ меҷуӣ, биҷу

Бекарон баҳрест, гавҳари беҳисоб

Ҳар чи меҷуӣ, биҷу

Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо

Ҳарчӣ мегӯӣ бигӯ

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯи вар,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ

Баҳри ман танҳо забони модарист

Чунки меҳри модар аст

Зин сабаб чун шухҳои дилброн

Дӯст медорам варо

Чун навозишҳои гарми модарон

Дӯст медорам варо

Пас аз чанде сурудаи “Халиҷи форс” аз ӯ ба ёдгор монд:

Аз халиҷи Форс меояд насими форсӣ

Абр аз Шероз меояд чу сими форсӣ

Дурр аз ин дарё намеҷӯям, чу дур афтодааст

Аз таги дарё таҳи чашми ятими форсӣ.

Мерасад аз киштии бишкаста шеъри бешикаст

Шеър ҳам бишкаст бо панди қадими форсӣ

Шайхро сармаст дидам як шабе аз бӯи нафт

Рафт бо атри кафан атру шамими форсӣ

Шоирон дар ҳар замон забон гӯёи ҳар миллат ва пешкисватон ва пешгомони ҳар ҷомеа маҳсуб мешаванд, ки хушбахтона давлат ва мардуми Тоҷикистон ба шеър ва шоир ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд ва қадри ононро медонанд.

Ин зойиаро ба мардумони тоҷик ва ба вижа хонаводаи муҳтарами он азизи сафаркарда таслият арз менамоям ва барои он бузургавор улуви дарҷотро аз Худованд хоҳонам. Рӯҳаш шод ва ёдаш гиромӣ!

Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ

дабири кулли Комиссияи милли ЮНЕСКО-Эрон

20 майи 2018