Май 22, 2018 20:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақоми олирутбаи амниятии Эрон ба Аврупо

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Аврупо ҳушдор дод, агар яқин ҳосил шавад, ки Аврупо мехоҳад бар Эрон фишор ворид кунад, Эрон дар сиёсати хориҷии худ таҷдиди назар мекунад.

Алии Шамхонӣ афзуд: Доналд Трамп бо ин тасаввур, ки метавонад шартҳои худро ба Аврупо таҳмил кунад, аз БАРҶОМ хориҷ шуд дар ҳоле, ки на танҳо Аврупо ва дигар кишварҳо бо ӯ ҳамроҳ нашуданд, балки бар асоси назарсанҷиҳо, ду севуми мардуми Амрико ҳам мухолифи тасмими Трамп ҳастанд.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба расмият ёфтани барномаи ғанисозии ҷумҳурии исломӣ дар чорчуби қатъномаи 2231 Шӯрои амният гуфт: Чигунагии идомаи барномаи ҳастаии Эрон бар асоси тавофуқи байналмилалии БАРҶОМ мушаххас шудааст.  

 

Барчасп