Оғози нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34630-Оғози_нишасти_комиссияи_муштараки_БАРҶОМ_дар_Вена
Нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ бо ҳузури Эрон, панҷ кишвари дигари узви ин тавофуқ, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо ва бидуни ҳузури Амрико, дар ҳутели Кобурги Австрия оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 25, 2018 16:24 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена

Нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ бо ҳузури Эрон, панҷ кишвари дигари узви ин тавофуқ, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо ва бидуни ҳузури Амрико, дар ҳутели Кобурги Австрия оғоз шуд.

Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияе дар бораи нишасти имрӯз, ҷумъа навишт, ин нишаст ба манзури баррасии паёмадҳои ношӣ аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва ройзанӣ дар бораи роҳкорҳои тадовуми иҷрои ин тавофуқ тартиб дода шудааст.

Дар ин нишаст Юкия Амано, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ ҳузур дорад.

Яке аз аъзои ширкаткунанда дар нишасти комиссияи БАРҶОМ, ки номаш зикр нашудааст, гуфт, бо таваҷҷуҳ ба номуваҷҷаҳ будани хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БАРҶОМ ва ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба гузориши ҷадиди мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки ёздаҳумин бор пойбандии Эронро ба тааҳҳудоташ таъйид кард, интизор меравад, ин комиссия бо садои воҳид бо иқдоми ғайриқонунии Вашингтон мухолифат кунад.

Ин узви ширкаткунанда дар нишасти комиссияи БАРҶОМ ибрози умедворӣ кард, аъзои ин нишаст бар зарурати идомаи БАРҶОМ ва гирифтани тадбирҳои лозим барои таъмини хостаҳо ва манофеи Эрон дар ин тавофуқ таъкид кунанд.