Зариф музокираи мушакӣ ва минтақаиро бо Аврупо такзиб кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34708-Зариф_музокираи_мушакӣ_ва_минтақаиро_бо_Аврупо_такзиб_кард
Вазири умури хориҷаи Эрон зимни такзиби музокира дар бораи тавони мушакӣ ва нуфузи минтақаии Эрон бо аврупоиҳо афзуд: “Иттиҳоди Аврупо низ ин мавридро такзиб кард ва дар воқеъ ин иқдом амалиёти равонии режими саҳюнистӣ аст то ин ахбори дурӯғро ба дигарон интиқол диҳад”.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 26, 2018 14:52 Asia/Dushanbe
  • Зариф музокираи мушакӣ ва минтақаиро бо Аврупо такзиб кард

Вазири умури хориҷаи Эрон зимни такзиби музокира дар бораи тавони мушакӣ ва нуфузи минтақаии Эрон бо аврупоиҳо афзуд: “Иттиҳоди Аврупо низ ин мавридро такзиб кард ва дар воқеъ ин иқдом амалиёти равонии режими саҳюнистӣ аст то ин ахбори дурӯғро ба дигарон интиқол диҳад”.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳибаи рӯзи шанбе бо хабаргузории “Тасним” изҳор дошт: Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо таъкид кардааст, ки сирфан дар бораи БарҶом музокира мекунад ва хориҷ аз БарҶом ҳеҷ иқдоме анҷом намедиҳад.

Зариф бо ишора ба пешниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Чин ба Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ин пешниҳодҳоро баррасӣ мекунад ва дар мавриди идомаи ҳузур дар БарҶом тасмим мегирад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико сешанбе, 8-уми май бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хуруҷи Вашингтон аз БарҶом ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ тайи муддати 3 то 6 моҳи ояндаро эълом кард.

Британия, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони тарафҳои БарҶом изҳор доштанд, аз ин тавофуқи байналмилалӣ ҳимоят мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, “Ироа тазмини воқеӣ аз сӯйи кишварҳои аврупоӣ барои таъмини манофеи иқтисодии Эрон бо вуҷуди коршикании Амрико”, ворид нашудани онон ба ду муаллафаи қудратсоз, яъне “Барномаи мушакӣ” ва “Ҳузури минтақаии Эрон”, “Тазмини хариди нафти Эрон”, “Тазмини бонкҳои аврупоӣ дар бораи дарёфт ва пардохти ваҷҳҳои тиҷорати давлатӣ ва хусусӣ бо Эрон” ва “муқобилаи ошкори Аврупо бо таҳрими Амрико зидди Эрон”, аз ҷумлаи шартҳое ҳастанд, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ чаҳоршанбеи гузашта барои идомаи “БарҶоми аврупоӣ” баён карданд.