Май 27, 2018 16:19 Asia/Dushanbe
  • Футболисти эронӣ дар ҷамъи 5 падидаи Осиё дар Ҷоми ҷаҳонии Русия

Конфедератсияи футболи Осиё (afc) номи Сардор Озмун, муҳоҷими тими миллии Эронро дар ҷамъи панҷ бозикуни қораи куҳани Осиё, ки фурсати дурахшш дар Ҷоми ҷаҳонии 2018-ро доранд, муаррифӣ кардааст.

Сайти Конфедератсияи футболи Осиё (afc) дар гузорише ба муаррифии панҷ бозикуни бартари осиёӣ дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 пардохт ва эълом кард: Ҷоми ҷаҳонӣ барои Сардор Озмун, ки тамоми даврони ҳирфаии худро дар Русия сипарӣ карда, ҳамонанди як мусобиқаи хонагӣ аст.

Дар гузориши Конфедератсияи футболи Осиё омадааст: Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши алоқамандии бошгоҳҳои аврупоӣ ба ҷазби Сардор Озмун, тобистони имсол метавонад охирин намоиши ин муҳоҷим дар Русия бошад.

 

Барчасп