Эрон иқдомоти террористӣ дар Алмаатои Қазоқистонро маҳкум кард
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон иқдомоти террористӣ ва ғайриинсониро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон маҳкум кард.
Ба иттилои Ирно, Баҳроми Қосимӣ, имрӯз сешанбе зимни маҳкум кардани иқдоми террористии рӯзи гузашта дар Алмаатои Қазоқистон, афзоиши иқдомоти террористӣ дар кишварҳои ҳамсояро мояи нигаронӣ донист ва аз ҳамаи кишварҳои минтақа хост, дар талоше муштарак ва ҳамсу, бо падидаи шуми терроризм мубориза кунанд.
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Террор ва хушунат дар ҳар шакл дар ҳар ҷо ва дар ҳар замон маҳкум ва нопазируфтанӣ аст.
Афроди мусаллаҳ рӯзи душанбе ба як шуъбаи полис дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҳамла бурда ва бар асоси гузоришҳои манобеи маҳаллӣ, чаҳор маъмури полисро кушта ва чанд тани дигарро захмӣ карданд.
Дар паи ин ҳамла мақомот дар Алмаато вазъияти шадиди амниятии "қирмиз" эълом карда ва амалиёти густардаеро дар ин шаҳр оғоз кардаанд.