Даъват аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс
(last modified Thu, 07 Jun 2018 06:59:11 GMT )
Июн 07, 2018 11:59 Asia/Dushanbe
  • Даъват аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс

Ҳайъати давлати ҷумҳурии исломии Эрон аз умуми миллати Эрон, ақвом, шахсият ва гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ даъват кард, дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс ҳузури густарда дошта бошанд.

Дар ин баёния омадааст: Имсол дар шароите Рӯзи ҷаҳонии Қудс баргузор мешавад, ки режими ғосиби саҳюнистӣ дар паи иқдомоти таҳрикомез густохтар аз ҳамеша бо ҳатки ҳурмати ормони мусулмонони ҷаҳон ва куштори бесобиқаи мардуми Ғазза дар рӯзи накбат, ҷинояти дигаре алайҳи башарият муртакиб шуд.  

Бешак танҳо роҳи муқобила бо истимрори густохиҳо ва иқдомоти таҳрикомези режими саҳюнистӣ, ҳузури огоҳона ва лабайки дубора ба тадбири хирадмандонаи имом Хумайнӣ (р) ва раҳнамудҳои мақоми муаззами раҳбарӣ аст.