Қатъномаи поёнии Рӯзи ҷаҳонии Қудс: Таъкид бар озодии Қудси Шариф
Дар қатъномаи поёнии роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс, бар озодии Қудси Шариф ва раҳоии миллати мазлум ва бедифои Фаластин аз султаи ишғолгарони саҳюнист ва ба талош барои маҳви ғуддаи саратонии Исроил ба унвони ормони баланди инқилоби исломии Эрон таъкид шуд.
Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо маҳкум кардани иқдоми ғайриқонунии раиси ҷумҳурии Амрико дар интиқоли сафорати ин кишвар ба Байтулмуқаддас ва ба расмият шинохтани Қудси Шариф ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, эълом карданд: Озодии Байтулмуқаддас ва ҳимоят аз мардуми мусулмон ва ситамдидаи Фаластин ҳамчунон авлавияти нахусти ҷаҳони ислом буда ва ҳар гуна иқдоме, ки бихоҳад ин авлавиятро хадшадор ва зеҳни уммати исломиро аз он мунҳариф кунад, маҳкум аст.
Роҳпаймоён бо маҳкум кардани тавтиаи мавсум ба "Муомилаи қарн", таъкид карданд: Танҳо роҳи ҳалли масъалаи Фаластин бозгашти оворагони фаластинӣ, баргузории ҳамапурсии фарогир ва озод ва таҳаққуқи роҳбурди Фаластин - «аз баҳр то наҳр» буда ва ҳар гуна роҳи ҳалли ҷойгузин барои идома ёфтани ишғолгарӣ ва ҷинояти нангини режими саҳюнистӣ, ба маънии поймол кардани ҳуқуқи мусаллами мардуми Фаластин аст.
Дар қатъномаи поёнии роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс аз уламо ва ниҳодҳои динии ҷаҳони ислом хоста шудааст, бо ифшои тавтиаҳои ҷадиди Амрико, режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни минтақаӣ ва фароминтақаиашон, талоши сарони муртаҷеъи бархе кишварҳои исломӣ ва арабиро барои оддисозии равобит бо ишғолгарони Қудси Шариф маҳкум кунанд.
Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳамчунин шикасти фитнаи ДИИШ ва террористҳои такфирӣ дар Ироқ ва Сурия, нокомии режими оли Сауд дар ҷанг ва таҷовуз зидди миллатҳои мазлум ва муқовими Яман ва Баҳрайн бо вуҷуди ҳимоятҳои муштараки Амрико ва режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ононро аз дастовардҳои бузурги ҷабҳаи муқовимати исломӣ донистанд ва таъкид карданд, ки иҷоза нахоҳанд дод душманони ислом бо эҷоди ихтилоф ва тафриқа байни мусулмонон, зарфиятҳои ҷаҳони исломро қурбонии манофеъ ва амнияти ишғолгарони Қудс кунанд.