Сентябр 04, 2016 13:14 Asia/Dushanbe

Ҳамсари яке аз шаҳидони фоҷеаи Мино дар Қоимшаҳри вилояти Мозандарон гуфт, Арабистон дар баргузории маносики ҳаҷ бекифоят аст ва набояд масъулияти маносики ҳаҷ бар уҳдаи Оли Сауд қарор гирад.

Ситораи Ҳасанӣ, рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфтааст, бисёре аз ҳоҷиҳо дар маносики ҳаҷи соли гузашта ба далели бекифоятии Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд. Ҳамсари марҳум Нурмуҳаммади Фаллоҳнажод изҳор кард, "барои баргузории маносики ҳаҷ роҳии Арабистон шудем, аммо ба далели худхоҳию хунхоҳии ин қавм ҳамсарам ва бисёре аз ҳоҷиҳо дар Мино ҷони худро аз даст доданд". Ҳасанӣ бо таъкид бар ин ки набояд масъулияти маносики ҳаҷ ба уҳдаи Оли Сауд қарор гирад, идома дод, маҳалли ибодат, хонаи Худо, баргузории маносики ҳаҷ барои ҳама ҳоҷиҳост ва набояд фақат як қавму як кишвар масъулиятро ба уҳда гирад, зеро ҳоҷиҳои бисёре ба ин макон меоянд ва бояд ҳама кишварҳои исломӣ дар масъулияти маносики ҳаҷ дахил шаванд.

Ҳамсари марҳум Нурмуҳаммади Фаллоҳнажод бо баёни ин ки ҷасади ҳамсараш баъд аз ду ҳафта ба Эрон оварда шудааст, гуфт: "Ғами аз даст додани ҳамсар маро замингир ва тӯлонӣ шудани замони бозгашти ҷасад ба Ватан маро пиртар кард". Ӯ дар идома ба пайгирии хостаҳояшон ишора кард гуфт: "Ваколат додем, аммо то кунун масъулон иқдоми муассире анҷом надоданд; тақозо дорем, аз хуни шаҳидони Мино нагузаранд".  Ҳасанӣ идома дод: "Аз ҳукумат тадбир ва умед тақозо дорем, то вазири умури хориҷӣ пайгир шавад ва ҳаққу ҳуқуқи бозмондагон баргардад, зеро наздик ба як сол аз воқеа мегузарад".

Марҳум Нурмуҳаммади Фаллоҳнажод соли гузашта дар ҳодисаи ногувори Мино ҷони худро аз даст дод.

 

 

Барчасп