Июн 08, 2018 19:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз эъломи оташбас дар Афғонистон

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул, аз ибтикори раиси ҷумҳурии Афғонистон дар эъломи оташбаси муваққат бо гурӯҳи Толибон ҳимоят кард.

Ба гузориши ИРНА, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати усулӣ аз эъломи оташбаси раиси ҷумҳурии Афғонистон, ба унвони иқдоме созанда ва гоме муҳим дар масири дастёбӣ ба сулҳ ҳимоят мекунад.

Сафорати Эрон дар Кобул ибрози умедворӣ кардааст, ин ибтикор мавриди пазириши мутақобил қарор гирифта ва нуқтаи оғозе барои истиқрори субот ва коҳиши ранҷи мардуми Афғонистон бошад.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон рӯзи панҷшанбе аз бистуҳафтуми моҳи мубораки рамазон (12 июн) то панҷ рӯз пас аз иди саиди Фитр оташбаси яктарафа эълом кард.

Дирӯз эълом шуд, гурӯҳҳои террористии хориҷӣ, аз ҷумла ДИИШ ва Алқоида шомили ин оташбас намешаванд.

Давлати Афғонистон эълом кардааст, ки тасмими оташбаси яктарафаро бар асоси фатвои ахири шӯрои уламои шиа ва суннии Афғонистон гирифтааст.

 

Барчасп