Дидори раисҷумҳурҳои Эрону Афғонистон дар ҳошияи иҷлоси Шонгҳой
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i35364-Дидори_раисҷумҳурҳои_Эрону_Афғонистон_дар_ҳошияи_иҷлоси_Шонгҳой
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси Ҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе дар ҳошияи ҳаждаҳумин иҷлоси Созмони Ҳамкории Шангҳой дар Чин дидору гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 09, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳурҳои Эрону Афғонистон дар ҳошияи иҷлоси Шонгҳой

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси Ҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе дар ҳошияи ҳаждаҳумин иҷлоси Созмони Ҳамкории Шангҳой дар Чин дидору гуфтугӯ карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар ин дидор бар тавсеа ва тақвияти равобити сиёсию иқтисодӣ таъкид ва дар робита ба мавзӯоти мавриди назари ду тараф табодули назар карданд.

Рӯҳонӣ бо даъвати Си Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин барои ширкат ва суханронӣ дар ҳаждаҳумин нишасти Созмони Ҳамкории Шонгҳой рӯзи гузашта ба Чин сафар кард. Дар нишасти Созмони Ҳамкории Шонгҳой, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар шаҳри Чиндаои Чин баргузор мешавад, сарони ҳашт кишвари узв ва чаҳор кишвари нозир ва ҳамчунин масъулони созмонҳои байналамилалӣ ҳузур доранд.

Созмони Ҳамкории Шонгҳой соли 2001 таъсис шуд. Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд ва Покистон аъзои доимӣ ва Эрону Афғонистон низ аз ҷумлаи аъзои нозири Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳастанд.