Интиқоди Руҳонӣ аз сиёсатҳои якҷонбагароии Амрико
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай аз сиёсатҳои якҷонбагароии Амрико интиқод кард.
Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Руҳонӣ рӯзи якшанбе дар ҳаждаҳумин иҷлоси сарони узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Чин гуфт: Таҳримҳои якҷонба ба раванди тиҷорати байналмилалӣ хадша ворид мекунад ва бетардид якҷонбагароии иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар масири заиф кардани ҳамгароии минтақаӣ аст.
Вай афзуд: Талоши Амрико барои таҳмили сиёсатҳои худ бар дигарон, хатари дар ҳоли густариш аст ва намунаи ахири якҷонбагароӣ ва беэътиноии Амрико ба назароти ҷомеаи байналмилалӣ, тасмими он кишвар ба хориҷ шудан аз БАРҶОМ аст.
Руҳонӣ гуфт: Барои доштани минтақае амнтар, босуботтар, тавсеаёфтатар ва пурравнақтар, бояд иштирокот ва манофеи муштараки дарозмуддат мабнои таомул ва дастури кор дар сатҳи минтақа қарор гирад.
Вай гуфт: Эрон ба унвони шарики мустақил ва мутмаин омодаи густариши ҳам%