Июн 10, 2018 17:55 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон омодаи тавсеа ва тақвияти равобити иқтисодӣ бо Муғулистон аст

Раисҷумҳури исломии Эрон, бо баёни инки Теҳрон омодаи тавсеа ва тақвияти равобити иқтисодӣ бо Муғулистон аст, гуфт: Бояд аз ҳама зарфиятҳои мавҷуд барои таъмиқи муносиботи муштарак баҳра гирифт.  

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳошияи ҳаҷдаҳумин Иҷлоси Созмони ҳамкории Шанҳай дар Чойнадауи Чин, дар дидори Халтмаа Баттулга, раисҷумҳури Муғулистон бо баёни инки тавсеаи равобити иқтисодӣ ба нафъи миллатҳои ду кишвар аст, гуфт: Давлати Эрон бахши хусусӣ ва бозаргонони эрониро барои мушорикат дар тарҳҳои тавсеаии Муғулистон ташвиқ мекунад.  

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба нақши равобити бонкӣ барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии муштарак, афзуд: Сармоягузорони эронӣ қодиранд, дар заминаҳои домӣ дар Муғулистон сармоягузорӣ кунанд.

 

Барчасп