Июн 15, 2018 15:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Амрико дар минтақа шикаст хӯрдааст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, эътирофи раиси ҷумҳурии Амрико ба бедастовард будани ҳафт триллион доллар ҳазинаи ин кишвар дар минтақаи Ғарби Осиёро ба маънои шикасти онҳо дар минтақа донистанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар хутбаҳои намози иди саиди Фитр, зимни табрики ин иди бузург ба миллати Эрон ва уммати исломӣ гуфтанд: Эътирофи раиси ҷумҳурии Амрико нишон медиҳад, шайтони бузург бо он ҳама талош натавонистааст ба аҳдофи худ даст ёбад ва аз ин пас низ ҳар чӣ дар ин минтақа пул харҷ кунад, боз ҳам ба мақсуди худ нахоҳад расид.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, иллати тавтиаҳои мустамари қудратҳои шайтонӣ зидди миллати Эронро нигаронии онҳо аз истодагӣ, иқтидор, истиқлол ва фикри баланд ва ибтикори миллати Эрон донистанд ва таъкид карданд: Албатта ин қудрат‎ҳо талоши худро мекунанд, аммо ҳамвора низ шикаст мехӯранд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар инки миллати Эрон бояд бедор ва ҳушёр бошад ва тавтеаҳоро бишносад, афзуданд: Имрӯз тавтеаи аслии душман иборат аз фишори иқтисодӣ ба тӯдаҳои мардум барои хаста ва ноумед кардани онон аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ба пуршӯр ва густурда будани роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар кишварҳои дигар ишора карданд ва гуфтанд: Паёми равнақ ва шукуфоии бештари роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар кишварҳои мухталиф ин аст, ки бо вуҷуди таблиғоти бегонагон, наздикӣ ва ҳамҷиҳатии миллатҳои мусулмон бо миллати Эрон бештар шудааст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, иди Фитрро низ рӯзи подош гирифтан ва моҳи мубораки Рамазонро майдони мусобиқа миёни муъминон барои итоати Худованд ва наздикӣ ба ризои илоҳӣ донистанд ва хотирнишон карданд: Ба лутфи Худованди Мутаол, миллати Эрон ҳар сол дар ин мусобиқаи маънавӣ ва анҷоми корҳои нек нисбат ба солҳои қабл имтиёзҳои бештаре касб мекунад.

 

Барчасп