Садрнишинии довари эронӣ дар рутбабандии доварони FIFA 
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i35804-Садрнишинии_довари_эронӣ_дар_рутбабандии_доварони_fifa
Бар асоси назарсанҷии сойти рутбабандии Федератсияи ҷаҳонии футбол (FIFA) Алирзо Фиғонӣ, довари эронӣ дар садри доварони Ҷоми ҷаҳонии 2018 қарор дорад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 18, 2018 14:54 Asia/Dushanbe
  • Садрнишинии довари эронӣ дар рутбабандии доварони FIFA 

Бар асоси назарсанҷии сойти рутбабандии Федератсияи ҷаҳонии футбол (FIFA) Алирзо Фиғонӣ, довари эронӣ дар садри доварони Ҷоми ҷаҳонии 2018 қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА, Алирзо Фиғонӣ, довари байналмилалии эронӣ бо қазовати хуб худ дар дидор Олмон - Мексика, ба садри ҷадвали радабандии доварони ҳозир дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии 2018 сууд (боло рафтан) кард.

Фиғонӣ бо касби 4.84 имтиёз дар садри ин радабандӣ ва болотар аз Björn Kuipers ва Néstor Pitana қарор дорад.

Тими доварии Эрон шомили Алирзо Фиғонӣ, Ризо Сухандон ва Муҳаммадризо Мансурӣ дар мусобиқоти футболи Ҷоми ҷаҳонии Русия ҳузур доранд.