Таъкиди раҳбари инқилоб ба Маҷлиси Эрон: Қонунгузории мустақил дар мубориза бо терроризм ва пулшуӣ
(last modified 2018-06-20T11:14:02+00:00 )
Июн 20, 2018 16:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари инқилоб ба Маҷлиси Эрон: Қонунгузории мустақил дар мубориза бо терроризм ва пулшуӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон хостанд, мустақилан дар мавзуоте мисли мубориза бо терроризм ё мубориза бо пулшуӣ қонунгузорӣ кунад.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори раис ва намояндагон ва ҷамъе аз коркунони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, дар бораи моҳияти бархе конвенсияҳо ва муоҳидаҳои байналмилалӣ гуфтанд: “Ин муоҳидот ибтидо дар утоқҳои фикри қудратҳои бузург ва барои таъмини манофеи онҳо пухту паз мешавад ва сипас бо пайвастани давлатҳои ҳамсу, зоҳири байналмилалӣ ба худ мегирад ба гунае, ки агар кишвари мустақиле монанди Эрон онҳоро қабул накунад, ӯро маврид ҳуҷуми шадид қарор медиҳанд, ки масалан 150 кишвар пазируфтаанд, шумо чи тавр онро рад мекунед”?

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ошкор шудани рӯзафзуни зоти хабиси зӯргуёни байналмилалӣ гуфтанд: Дидани тасовири ҷинояти ҷудо кардани ҳазорон фарзанд аз модаронашон дар Амрико, инсонро бетоқат мекунад, аммо амрикоиҳо бо хабосати комил, фарзандонро аз волидайни муҳоҷир ҷудо мекунанд.

Эшон ҳамалоти ҷиноятбор ва хунини чанд кишвари дорои таслиҳоти пешрафта барои хориҷ кардани як бандар аз дасти мардуми мазлуми Яманро намунаое дигар аз зоти хабиси зӯргуёни ҷаҳонӣ хонданд ва афзуданд: Ин душманони башарият ба иллати истодагӣ ва адолатталабии миллати Эрон бо ҷумҳурии исломӣ низ душманӣ мекунанд, аммо миллати Эрон ба фазли илоҳӣ бо ҳифзи истеҳкоми дохилӣ, бар Амрико ва дигар душманон пирӯз хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Ба фармудаи Қуръон, ҳеҷ аҳд ва паймони ин ҷинояткорон қобили эътимод нест ва ин ҳақиқатро миллати Эрон имрӯз ба равшанӣ мебинад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба инки сабки зиндагии ғарби дар тақобул бо маънои ҳақиқии хонавода аст ва мушкилоти лоилоҷеро барои онҳо ба вуҷуд овардааст, афзуданд: Дар қонунгузорӣ барои ҳалли мушкилоти хонаводаҳои эронӣ, набояд ба нигоҳи ғарбиҳо ба зан, фарзанд, падар ва модар таваҷҷуҳ кард.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар поён таъкид карданд, душманони миллат Эрон ба маънои воқеии калима, боҷталаб ва зӯргу ҳастанд ва бадеҳӣ аст, ки низом ва миллати Эрон зери бори зӯргуӣ нахоҳанд рафт.

 

Барчасп