Июн 21, 2018 08:54 Asia/Dushanbe
  • Шикаст дар айни шоистагӣ Эрон: Сифр - Испания: Як

Тими миллии футболи ҷумҳурии исломии Эрон, чаҳоршанбе шаб дар дуввумин дидори худ дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия, натиҷаро ба ҳарифи пурситораи худ яъне Испания вогузор кард.  

Дидори тимҳои миллии футболи Эрон ва Испания дар гурӯҳи b Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия аз соати 22:30 ба вақти Теҳрон дар шаҳри Қазони ин кишвар баргузор шуд.

Бозикунони тими миллии футболи Эрон дар як дидори қобили қабул бо натиҷаи як бар сифр натиҷаро ба тими миллии Испания, яке аз муддаиёни аслии ин давра аз мусобиқот вогузор карданд.

 

Барчасп