Руҳонӣ: Шумо барои амалисозии руёҳои як миллати бузург ҷангидед
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди сешанбе дар паёме ба футболбозони тими милли футболи Эрон таъкид кард, шумо, ки барои амалисозии руёҳои як миллати бузург ҷангидед; ифтихорофарини миллате ҳастед, ки номаш ба қаҳрамонӣ ва паҳлавонӣ саришта шуда ва қадрдони фидокории варзишкорони худ аст.
Ба нақл аз ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ дар ин паём таъкид кард: Дуруди Худо бар шумо ҷавонмардони ғайратманд ва бо салобати Эрон, ки бо ҳиммат, ҳушмандӣ ва бозиҳои дурахшони худ дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия, ҷилваи дигаре аз миллате якпорча, умедвор ва пурталошро дар баробари дидагони ҷаҳониён ба намоиш гузоштед.
Тими миллии футболи Эрон дар охирин дидори худ дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷаҳонии Русия аз соати 22:30 душанбе (ба вақти Теҳрон) дар шаҳри Саранск ба масофи Португалия (қаҳрамони Аврупо) рафт ва бо ироаи намоише ғурурангез ба тасовии як бар як расид.
Тими миллии футболи Эрон бо ин натиҷа чаҳор имтиёзӣ шуд ва дар айни шоистагӣ натавонист роҳии марҳилаи баъдӣ шавад.
Тими футболи Эрон дар ҷоми ҷаҳонии 2018 дар гуруҳи B (гуруҳи марг) бо Спания, Португалия ва Мағриб (Марокиш) ҳамгуруҳ буд.
Тими миллии футболи Эрон ҷумъа 15-уми июн дар нахустин дидори худ дар Ҷоми ҷаҳонии Русия муваффақ шуд Мағрибро бо натиҷаи як бар сифр шикаст диҳад.
Тими миллии футболи Эрон дар дуввумин дидори худ низ бо вуҷуди шоистагӣ дар баробари Спания, беҳтарин тими ҷаҳон бо натиҷаи як бар сифр шикаст хурд.
Дар гуруҳи "B" тимҳои миллии футболи Спания ва Портуғалия бо 5 имтиёз аввал ва дуввум шуданд ва тими Ҷумҳурии исломии Эрон бо 4 имтиёз саввум шуд. Мағриб ҳам бо як имтиёз дар ҷойгоҳи чаҳорум қарор гирифт.
Бадин тартиб Спания ва Португалия аз ин гуруҳ роҳии марҳилаи як ҳаштуми ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии Русия шуданд.