Ихтисоси 3 миллиард евро эътибор ба Эрон
(last modified Mon, 05 Sep 2016 12:52:11 GMT )
Сентябр 05, 2016 17:52 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 3 миллиард евро эътибор ба Эрон

Мудиромили Бонки санъат ва маъдани Эрон аз тахсиси 3 миллиард еврои эътибори бонкҳои аврупоӣ ба Эрон хабар дод.

Алӣ Ашрафи Афхамӣ- мудиромили Бонки санъат ва маъдани Эрон дар ташреҳи амалкарди давраи се солаи ин бонк гуфт, ҳам акнун 6 бонки аврупоӣ ба шакли консорсиум барои тахсиси 3 миллиард евро эътибор ба Эрон дар ҳоли музокира ҳастанд.

Вай тасреҳ кард, илова бар гушоиши эътибор, фаъолияти коргузории 14 бонки аврупоӣ бо бонкҳои эронӣ низ дар ҳол ниҳоӣ шудан аст.